Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд

Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Дар ин бора Элмурод Турсунов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, омори ҷадид дар пайи тамос бо шаҳру навоҳии ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1 май ҷамъоварӣ гардидааст.

"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - гуфт ӯ.

Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.
Ҳукумати Суғд ба собиқадорони ҶБВ беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кард
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба 6 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонӣ ва афроде, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.