Иёлоти Муттаҳида кафолат медиҳанд: Зеленский ояндаи “дурахшони” Украинаро дарёфт.

"Ин девонагӣ аст. Ҷанги абадӣ", - чунин Илон Маск ба изҳороти Зеленский, оид ба он, ки Украина ва Иёлоти Муттаҳида ба имзои созишномаи даҳсолаи амниятӣ наздиканд, баҳо дод.
Sputnik
Миллиардер ба изҳороти миллиардери дигари амрикоӣ Дэвид Сакс низ вокуниш нишон дод, ки гуфта буд, ки 61 миллиард доллари ҷудокардаи Амрико барои Украина танҳо ибтидо аст, "ду президенти ояндаи ИМА наметавонанд ин корро баргардонанд".
Яъне ду сарватманди амрикоӣ аз хоҳиши маъмурияти Байден барои кафолатиҷудо кардани пул ба Киев барои даҳсолаи оянда ба хашм омадаанд, онҳо мефаҳманд, ки дар ниҳоят сухан дар бораи садҳо миллиард доллар хоҳад рафтва намехоҳанд чунин маблағ барои ҷанг бо Русия харҷ гардад. Бо вуҷуди ин, метавон Сакс ва Маскро таскиндод, Иёлоти Муттаҳида ин қадар маблағҳои калонҳатто барои онҳородар самти Украина харҷ нахоҳанд кард.
Чаро? Дарвоқеъ, созишнома омода шуда истодааст, шоми душанбе онро ҳатто Владимир Зеленский эълон кардагуфт, ки асосҳои мушаххаси амният ва ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор доранд: “Он кӯмаки низомӣ, молиявӣ, сиёсӣ ва он чизеро дар бар мегирад, ки ба истеҳсоли муштараки яроқ дахл дорад".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Намоишгоҳи техникаи ғарбии ғаниматӣ дар Маскав - аксҳо
Ҳамаи ин ва бисёр чизҳои дигар воқеан дар созишномаи дуҷониба, ки президенти Украина онро аллакай "қавитарин" аз ҳама шартномаҳое, ки бо дигар кишварҳо баста шудаанд, тавсиф кард. Шубҳае нест, ки созишнома бо Иёлоти Муттаҳида калидӣ хоҳад буд, зеро худи Вашингтон ва Лондон ғояи ин гуна созишномаҳоро ба миён оварданд.
Ва аз моҳи январи соли ҷорӣ Киев аллакай бо панҷ кишвари G7 шартномаҳоро имзо кардааст, танҳо ИМА ва Ҷопон боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, созишнома бо Иёлоти Муттаҳида метавонад ё дар остонаи нишасти сарони G7 дар Итолиё ва ё фавран пас аз он имзо шавад. Дар Киев ин тавофуқномаҳоро як зинае барои пайвастан ба НАТО ва кафолати он медонанд, ки Ғарб аз пуштибонии Украина даст нахоҳад кашид.
Гузашта аз ин, ахиран пас аз табодули зарбаҳои байни Эрон ва Исроил, раҳбарияти Украина бештар ба муқоисаи кишвараш бо иттифоқчии ИМА дар Ховари Миёна шурӯъ карда ва ба ҳама мегӯяд, ки Ғарб бояд мисли Исроил аз Украина дифоъ кунад. Як ҳафта пеш роҳбари дафтари Зеленский Ермак ҳатто гуфта буд, ки созишномаи дарпешистода бо Иёлоти Муттаҳида набояд аз созишномаи Амрикову Исроил бадтар кор кунад, яъне Киев ба таври ҷиддӣ интизор аст, ки барои Вашингтон як “Исроили аврупоӣ” гардад.
Мушкилоти Зеленский дар он аст, ки барои ин ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад: Иёлоти Муттаҳида наметавонанд ва намехоҳанд, ки муносибатҳои худро бо Украина ба сатҳи муносибот бо Исроил расонанд. Бо ду сабаби асосӣ. Аввалан, муносибатҳо бо Исроил на танҳо байнидавлатианд, балки ба таъсири бузурги ҳам ҷомеаи яҳудиёни Амрико ва ҳам элитаи молиявии ҷаҳонӣ асос ёфтаанд, аз ин рӯ, Амрикои имрӯза имкони “партофтани Исроил”-ро надорад.
Песков аз тарсу ҳароси дар сафи артиши Украина дар хати ҷабҳа хабар дод
Сониян, сарпарастии Исроил аз Амрико талаб намекунад, ки бо як қудрати ҳастаӣ ба ҷанг дарояд, яъне ба амнияти миллии он бевосита таҳдид намекунад.
Дар мавриди Украина, ҳама чиз комилан дигар хел аст: он танҳо як абзор дар мубориза бо Русия ва бозӣ бо Аврупо аст. Манфиати Амрико дар он аст, ки Украина то ҳадди имкон бар зидди Русия истифода шавад, на ин ки он ҳамчун унсури устувори зарбаи зидди русҳо нигоҳ дошта шавад. (ҳоло танҳо бузургтарин некбинҳо дар байни "уқобон" чунин нақша доранд).
Яъне ба Украина ваъдаи пуштибонии абадӣ ва ҳатто барои ҷанг бо Русия пулу аслиҳа дода мешавад. Аммо танҳо то лаҳзае, ки он ба стратегияи Амрико мувофиқат кунад, на зиёдтар аз ин. Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гоҳ Украинаро ба мисли Исроил дифоъ нахоҳад кард, яъне киштиҳо, авиатсия ва нерӯҳои худро ба қаламрави оннамефиристад ва "чатр"-и ҳастаии худро дар болои он намекушояд. Ба ин танҳо як моҷароҷӯи девона ё як қаллоби ошкоро умед баста метавонад.
Дар баробари ин Иёлоти Муттаҳида бо як қатор сабабҳо низоъро беохир дароз карда наметавонанд. Аввалан, Русия комилан манфиатдор нест, ки Иёлоти Муттаҳида тавонад "ҳарорати сӯзиш" -ро барои солҳои оянда танзим кунад, яъне барои сарнагун кардани режими Киев ҳама имконотро истифода мекунад.
Сониян, пуштибонии куллӣ аз Украина дар Ғарб коҳиш хоҳад ёфт, зеро бо аз даст додани мавқеъ аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар ҷабҳава мавқеи худи Аврупо дар арсаи геополитикӣ бадтар мешавад. Сеюм, вазъият барои худи ИёлотиМуттахида,чи дар корхои дохилӣ ва чи дар вазъияти ҷаҳон торафт номусоид мегардад.
Сиёсатшиноси афғон: Зеленскийро тақдири Ғанӣ интизор аст
Яъне, Амрико наметавонад Украинаро даҳ, ҳатто панҷ соли дигар дастгирӣ кунад, зеро дар даҳ сол Украинаи кунунӣ боқӣ нахоҳад монд ва худи Иёлоти Муттаҳида дар тӯли ин солҳо хеле ҷиддӣ тағйир хоҳад ёфт (хусусан дар сиёсати дохилӣ) . Албатта, айни замон онҳо барои харҷи боз даҳҳо миллиардҳо омодаанд, вале ин ҳеҷчизро ба куллӣтағйир намедиҳад.
Аз ин рӯ, Сакс ва Маск беҳуда ташвиш мекашанд, "ҷанги абадӣ" нахоҳад буд, ҳеҷ як президентиояндаи Амрико нахоҳад хост, ки созишномаро бо давлати мавҷуднабуда риоя кунад ва пулро ба бод диҳад. Албатта, Амрико ҳеҷ гоҳ ба шартномаҳо барои сафед кардани таҷовузаш эҳтиёҷ надошт, аммо шартнома бо Украина на танҳо ӯҳдадориҳои кӯмак расониданро дар бар намегирад, балки маҳз барои таъкиди набудани онҳо зарур аст. Амрико омода аст, ки бо Русия танҳо бо дастони бегона, бахусус дастони украинию русӣ биҷангад, аммо бо ворид кардани набардҳои мустақим ба кишвари мо мавҷудияти худро зери хатар гузоштанӣ нест. Ва ин худ аз худ кафолати иловагии ғалабаи мост.