ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ашхоси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд тариқи онлайн барои корхонаҳои худ иҷозатномаи самти фаъолият ба даст оранд.
Низоми онлайни сабти корхонаҳо ба мақсади дастгирӣ ва рушди соҳаҳои саноат, шаффофият дар раванди иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва осон кардани кори соҳибкорон пиёда шудааст, изҳор дошт масъули матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, Муҳаммадвалишоҳ Махшулов ба Sputnik Тоҷикистон.
"Соҳибкорон метавонанд иҷозатномаҳоро барои фаъолиятҳои ихроҷу коркарди манобеи зери хок, қуму шағал, тавлиди маҳсулоти алкоголӣ, тавлиду хӯрдафурӯши тамоку, коркарду ихроҷи филизоту сангҳои қиматӣ ва филизоти гаронбаҳо ба манзури ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ, тасфия филизот, коркарди пахтаро гиранд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, низоми онлайнии ба даст овардани иҷозатнома дар таҷрибаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз январи соли 2021 ба кор гирифта ва раванди иҷрои он тавассути барномаи электронӣ ба роҳ монда шуд.
“Ҳоло соҳибкорон метавонанд тариқи онлайн, бидуни мавонеъи бюрократии қаблӣ, барои корхонаи худ иҷозатнома гиранд ва пардохтҳои худро анҷом диҳад ва дар ба дари идораҳо нагарданд. Мақомоти масъул низ ҳуҷҷатҳоро тариқи онлайн дастрас намуда, тамоси мустақим бо соҳибкор надошта бошанд”, гуфт масъули матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нав.
Вай афзуд, низоми онлайнии иҷозатномадиҳӣ ба хотири таъмини шафофият дар низоми иҷозатдиҳӣ буда, бар асоси қонун муҳлати баррасии аризаҳо то 30 рӯз мебошад.
"Аммо дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ин раванд тайи 6 то 15 рӯз такмил мешавад”, - гуфт Махшулов.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2023 тамоми аризаҳои ашхоси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки 772 иҷозатнома гирифтаанд ва барои гирифтани иҷозатнома тариқи барномаи электронӣ ворид шудааст, посухи мусбат гирифта, ҳамагӣ иҷозатнома гирифтаанд.
Дар се моҳи аввали соли 2024 ба 208 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ аз ин тариқ иҷозатнома дода шудааст.