Нархи рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуд

Моҳи апрел дар бозори нақду ғайринақдии Тоҷикистон бо тақвияти пули миллӣ дар баробари се асъори калидии нисбатан серистифода дар ҷумҳурӣ поин меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон поин рафта, дар рӯзи охири апрел ба 117,4 сомонӣ баробар шуд.
Қурби асъори амрикоӣ низ поинтар шуда, 1 доллар ба 10,9246 сомонӣ баробар гардид. Арзиши пули аврупоӣ ҳам дар баробари сомонӣ каме поинтар рафта, ҳамакнун 1 евро 11,7166 сомонӣ қимат дорад.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 10.9246 то 10.9400 сомонӣ, евро аз 11.7166 то 11.7700 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 117,4 то 119 сомониро ташкил медиҳад.
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.