ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Арзиши пули Русия дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз каме гаронтар шудааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 119 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда дар қиболи додаҳои охири ҳафтаи қаблӣ 0,2 сомонӣ бештар аст.
Арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши тадриҷӣ, ки то 25 апрел ба 117 сомонӣ барои 1000 рубл баробар шуд, пас аз он майли гаронӣ дорад.
Нархи пули амрикоӣ бошад, ҳафтаро бо каме коҳишёбӣ оғоз кард. Ҳоло як доллари ИМА ба 10.9293 сомонӣ баробар шудаст.
Пули аврупоӣ ҳам арзонтар шуда, ба иттилои БМТ дар бозори ғайринақдӣ як евро - 11. 7271 сомонӣ муомилот мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9293 то 10.9500, 11.7271 то 11.7700 то 11.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119 то 119,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.