ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардид.
Ба гузориши дафтари матбуоти ҳкукмат, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаоъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.
Гуфта мешавад, ки сарвазири пас аз шунидани ҳисобот дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқии дастуру супоришҳои раисҷумҳур вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ҳамчунин дар маҷлис “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 раиси Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар Маҳмадсаид Файзуллозода ҳисобот дод ва ҳамчунин, як қатор қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кард.
Дар ин нишаст инчунин масъалаҳо дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, Шурои парасторони Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният ва дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи варзишӣ”-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар фарҷом Расулзода аъзои Ҳукуматро барои вусъати кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо ва амалисозии бунёдкориҳо вазифадор кардааст.