Вазорати умури хориҷаи Русия мушкилоти убури марз дар дидбонгоҳҳоро шарҳ дод

Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия тавзеҳ дод, ки мушкилот ҳангоми убури хориҷиён аз марзи Русия муваққатӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апрель — Sputnik. Маскав барои ҳарчи зудтар ҳал кардани вазъ дар дидбонгоҳҳои марзӣ чораҳои ҳамаҷониба меандешад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод. Шарҳи ин масъала дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.
Ба гуфтаи хонум Захарова Мушкилот дар убури хориҷиён аз марзи Русия ва тадобири пурзӯри амниятӣ дар гузаргоҳҳо муваққати мебошад.
"Дар ин робита, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, аз ҷумла дар як қатор фурудгоҳҳо дар ҷараёни санҷиши шиноснома мушкилот ба назар мерасанд, ки ҷониби Русия барои ҳарчи зудтар ҳал кардани вазъ чораҳои ҳамаҷониба меандешад", - шарҳ додааст Захарова.
Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Русия муваққатан сафар накунанд
Намояндаи вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки "ин гуна иқдомҳо муваққатӣ ҳастанд ва аз шаҳрвандӣ вобаста нест".
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия дода буд, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.
Муроҷиати дахлдор ба шаҳрвандон дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки бидуни зарурат аз сафар ба қаламрави Русия бо ҳама намуди нақлиёт муваққатан худдорӣ намоянд.