ДУШАНБЕ, 28 апрель — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин тасмим дорад бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон сафар намояд.
Дар ин бора дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сун Вэйдун, муовини вазири хориҷаи Чин, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, матраҳ шудааст.
Дипломатҳо омодагиҳо ба сафари раҳбари Чинро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол санаи сафари раҳбари Чин мушаххас нашудааст.
Зимни мулоқот дипломатҳо таҳким ва густариши шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, низомию техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин моҳи июни соли 2019 бо як сафари давлатӣ ба Душанбе сафар карда буд ва зимни сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.
Ҳамзамон ӯ дар нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат намуд.
Моҳи майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон сафари расмӣ ба Чин анҷом дода буд, ӯ дар дар нахустин мулоқоти сарони давлатҳо дар нишасти сатҳи олии Осиёи Марказӣ ва Чин ширкат дошт.
Раҳбари Тоҷикистон зимни сафари худ ба Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон даъват карда буд.