Театри Александринский барои ҳунармандони тоҷик давраҳои омӯзишӣ гузаронд - видео

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Русия аз тариқи ташкили барномаҳои омӯзишӣ, ташкили табодули таҷриба ва рафтуомади ҳунармандон таҳким ёфта истодааст
Sputnik
Ҳудуди 35 ҳунарпешаи Тоҷикистон аз давраи омӯзишии Театри драмавии миллии Русия ё худ театри Александринский дар Душанбе гузашта, соҳиби диплом гардиданд.
Барнома дар доираи тарҳи байналмилалии маърифатӣ "Мактаби театрии Александринская: рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ" дар Душанбе амалӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ инчунин Театри драмавии миллии Русия бо 3 театри нисбатан фаъоли Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.
Шервонӣ Толибов, ҳунарпешаи ҷавони тоҷик бо тавсиф аз ҳунари театрии Русия изҳор дошт, ки ба умеди такмили маҳорат ба ин чорабинӣ пайваст ва ният дорад дар оянда дониши омӯхтаашро ба дигарон биомӯзонад.
Тафсилоти созишномаи бунёди театри ба номи Маяковский дар Душанбе
Мудири Театри опера ва балети Тоҷикистон, Камолиддин Сайфиддинов бо истиқбол аз ин чорабинӣ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия таҳким ёфта истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, имсол Тоҷикистон раҳбари шӯрои ҳамоҳангсозии театрҳои мусиқии кишварҳои ИДМ мебошад ва ин ба кишвар имкон дод, ки барномаҳои табодули таҷриба ва ҳамкории дастаҳои театрӣ дар доираи Иттиҳод, бахусус бо гурӯҳҳои Русияро густариш диҳад.
Беш аз 10 нафар ҳунарманд аз Русия аллакай дар Театри опера ва балети Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва чунин ҳамкориҳо такони хуб барои рушди ҳунари театрӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, изҳор дошт ӯ.