ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик, Эмомалии Нуралӣ ва Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе иштирок намекунанд, хабар дод телевизиони "Варзиш"
Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг вориди майдон намешаванд.
Сабаби иштирок накардани Эмомалии Нуралӣ аз меъёр каме зиёд будани вазн ва омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон гуфта мешавад.
Маҳмадбеков бо сабаби осеби гирифтааш дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе иштирок карда наметавонанд.
"Бисёр мехостам дар аввалин Гранд Сламе, ки кишварамон онро баргузор мекунад, иштирок намоям, аммо ин фурсат ба ман даст надод. Сабаби иштирок накарданам ин аз меъёри муқарраршуда каме зиёд будани вазнам аст", - гуфт ӯ.
Ҷудокор афзуд, ки ҳамчунин, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар пеш аст, ки бо Гранд Слами Душанбе қариб дар як вақт баргузор мегардад ва ӯ наметавонад якбора худро ба ҳардуи ин мусобиқоти муҳим омода созад.
Муараббӣ Эргаш Маҳмадбеков дар шарҳи сабаби иштирок накардани Сомон изҳор дошт, ки ҷудокор дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг осеб бардошт.
"Мо умед доштем, ки то ин муддат ӯ худро барқарор мекунад, аммо мутассифона чунин нашуд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст. ки Гранд Слами Душанбе аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.