ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Дар мактаби байналмилалии "Контакт"-и шаҳри Исфара дар мавзӯи давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони "Диктанти Ғалаба" навишта шуд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона баргузор шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд, гуфт раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои ҳамватанон (КСОРС) Людмила Темирова ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар қатори иштирокдорон ходимони ҷамъиятӣ, омӯзгорон, директорони макотиб, собиқадорони меҳнат, собиқадорони интернатсионалист, намояндагони ВАО ва толибилмони синфҳои болоӣ низ буданд", - гуфт Темирова.
Тақсими лентаи георгӣ ва диктанти пирӯзӣ аз чорабиниҳои асосӣ гуфта мешаванд, ки ҳамасола бо наздик шудани рӯзи 9 май иди Ғалаба дар Русия ва кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон доир карда мешавад.
Соли равон диктанти байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 17 мавзеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Бохтар, Кӯлоб ва Панҷакент баргузор шуд.
Иди Ғалаба ба ҳисоби Русия дар мамолиқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана аз ҷумла бо доир кардани гузашти ҳарбӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол 79 - умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аст.