ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон зимни убури сарҳади Русия аз ҷониби дипломатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, ин масоил дар мулоқот бо сафири Русия дар Душанбе, Семён Григорев баррасӣ шуданд.
"Зимни мулоқот ҳамчунин мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Ҷониби Тоҷикистон ба сафир расондааст, ки ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия, хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд.
Мулоқот ба масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногун ва чорабиниҳои сиёсии дарпешистодаи дуҷониба ва бисерҷониба бахшида шуд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон дармондаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ дод, мардум интизори имкони вуруд ба вилояти Оренбург тавассути гузаргоҳи байналмилалии "Сагарчин" ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки вазъ таҳти назорати раиси диаспораи тоҷикони Оренбург қарор дорад. Ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бо об, ғизо ва мева таъминанд.