Ҳушдор аз ду рӯзи хатарзо дар Тоҷикистон

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки сокинони ҷумҳуриро ду рӯзи ҳавои номусоид интизор буда, хатари сар задани офати табиӣ зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рӯзҳои 27 - 28 апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ноустувории обуҳаво боқӣ монда, эҳтимоли селу обхезӣ вуҷуд дорад.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки боришоти борон дар назар буда, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барфу борон пешгӯӣ мешавад.
"Дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат меборад", - омадааст дар иттилоия.
Фоҷиа дар рӯзҳои истироҳат: ғарқшавиҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон бо оғози гармӣ
Таъкид шудаст, ки ба истисно аз ВМКБ, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
"Рӯзҳои 27 то 29 апрел дар баъзе минтақаҳои НТҶ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад", - ҳушдор додаанд ҳавошиносон.
Таъкид шудаст, ки дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Бо назардошти ин пешгӯиҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба аҳолӣ ҳушдор медиҳад, ки то 30 апрел, то коҳиши хатари фаромадани сел ва ярч аз рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва гиёҳчинӣ худдорӣ кунанд.