ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати маориф хабару овозаҳо дар мавриди он ки, ки хатмкунандаҳоро дар Тоҷикистон маҷбур мекунанд, то ҳуҷҷати худро ба Маркази милли тестӣ супоранд, беасос хонд.
Ин ниҳоди таълимӣ ба Sputnik_Tajikistan гуфт, онҳо дар ҷаласа ва мулоқотҳо танҳо аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар гуфтанд ва бо ин роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.
“Ҳадаф аз ин ҳама корҳои фаҳмондадиҳӣ он аст, ки хонанда хонаду дар оянда дар ҷамъият ҷойи худро пайдо намояд”, – иброз доштанд аз Вазорати маориф.
Дар идома, вазорат таъйид намуд, ки барои супурдани ҳуҷҷат ба ММТ касеро маҷбур накардаанд.
Бояд гуфт, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳо дар бораи маҷбур кардани хатмкунандаҳои мактаб барои супурдани ҳуҷҷат ба ММТ чарх мезанад.
Дар ҳамин ҳол, мудири яке аз макотиби ноҳияи Деваштич ба Sputnik гуфт, онҳо танҳо байни хонандагон тарғибот гузаронданд то онҳо таҳсилро идома диҳанд ва соҳиби касбу кор гарданд.
“Мо байни хатмкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба идома додани таҳсил дар макотибҳои олӣ гузаронидем. Оянда хонда соҳиби касбу кор гардад ин албатта ба фоидаи онҳо аст. Супоридани ҳуҷҷат мабурӣ нест, балки ихтиёрӣ. Ҳадаф танҳо соҳиби савод гардидани онҳо асту бас” - гуфт ӯ.
Зимнан, аз Маркази миллии тестӣ низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ихтиёрӣ буда, ҳолати мазкур ба ММТ рабте надорад.
“Ин нуқта дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки дар шакли чопӣ ба ҳар яке аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ройгон дастрас карда шудааст, қайд гардидааст. Ин масъала ҳангоми вохӯриҳои кормандони Марказ бо хонандагони мактабҳо низ фаҳмонида мешавад” - иброз доштанд аз ММТ.
Ҳамчунин аз Маркази миллии тестӣ гуфтанд, ки онҳо ҳангоми вохӯриҳо бо хатмкунандагон дар бораи аҳаммияти гирифтани таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ барои ҳар як шахс бо мақсади пайдо кардани ҷойи кор ва таъмини зиндагии шоиста, маълумоту тавсияҳо медиҳад, вале ин маънои маҷбурӣ будани иштироки хонандагон дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро надорад.