Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад

Раиси Шӯрои Федератсия дар шароити феълӣ, ки Русия ба кадрҳо ниёз дорад даст кашидан аз муҳоҷирони меҳнатию бастани роҳ ба онҳоро номатлуб хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар Русия корҳо барои равшану дақиқ кардани қонунгузории муҳоҷират идома доранд, ки дар он сенаторҳо низ ширкат доранд, гуфт раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко ба РИА "Новости."
"Мо бояд онро бидуни эҳсосот, бо иштироки коршиносон, ҳуқуқшиносон, мутахассисон дар муколама бо шарикони мо аз кишварҳои дӯст коркард кунему дар ҳолати зарурӣ созишномаҳои байнидавлатиро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дақиқтар созем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои федератсия, қонунгузории муҳоҷират албатта бояд такмил дода шавад.
"Пеш аз ҳама, бояд сиёсати возеҳи давлатӣ бошаду муҳоҷират таҳти назорати давлатӣ бошад, ки бояд бигӯям, имрӯз ин тавр нест, ин факт аст", - гуфт сиёсатмадор.
Матвиенко ҳамчунин ба мавзӯи ҳамоҳангсозии кор дар соҳаи муҳоҷират дахл кард.
“Медонед, дар кишвари мо баробари пайдо шудани мушкилот дар бораи таъсиси вазорати нав пешниҳод мешавад, ки ин на ҳама вақт асоснок аст. Аммо дар масъалаи муҳоҷират чанд вазорату идораҳо ба ин самт машғуланд, ки ҳамоҳангии бештар лозим аст", - гуфт ӯ.
Матвиенко аз норасоии кадрҳо дар Русия гуфта, илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир кишвар бе муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонад.
Огоҳиномаи Рособрнадзор ба донишгоҳҳои Русия дар мавриди санҷиши дониши муҳоҷирон
Вай ҳамчунин бастани роҳ барои муҳоҷирон ва дар худинзивоъ қарор додани Русияро номақбул хонд.
Ба гуфтаи сенатор, феълан дар ин самт бисёр миёнаравҳо, сохторҳои ғайриқонунӣ, нимҷиноятӣ кор мекунанд, ки дар кишварҳои дигар коргаронро киро карда, ба ин ҷо меоранд ва "росташро гӯям, хуб ғорат мекунанд".
Он чизе, ки мо бояд дар ин бобат ба он диққати махсус диҳем, албатта, фасод аст, назорат аз болои иҷрои қонунҳоро низ бояд таҳким бахшид, гуфт сиёсатмадор.