ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Агар ду ирландӣ ҷанҷол кунанд, пас шабона англисе меҳмонашон будаст, зикр кард, рӯзноманигор ва соҳибкори тоҷик, Олим Ширинов дар шарҳи боздиди вазири корҳои хориҷии Бритониё, Дэвид Кэмерон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Ширинов дар доираи муаррифии созмони ғайритиҷоратии "Авруосиё" дар Маскав гуфт, шояд Бритониё ҳавои эҳёи Бозии бузургро дар сар мепарварад, чун дарк мекунанд, ки дар Ғарб бой дода истодаанд. Талоши ташкили нукоти ҷадиди низоъ доранд, то таваҷҷуҳи Русияро ба дигар ҷой баранд, изҳор дошт ӯ.
Вай дар идома аз суди ҳамгироӣ дар минтақа дар доираи созмонҳои монанд ба СҲШ, ИДМ ва ИИАО гуфт.
"Нерӯ дар иттиҳод аст. Меҳвари ин ҳамгироӣ Русия мебошад. Ин фаҳмиш вуҷуд дорад, ки истиқлоли ин кишварҳо истисноан дар сурати дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамсоядории нек бо Русия имкон пазир аст", - гуфт Ширинов.
Вай ҳамчунин аз мисолҳои номуваффақи кишварҳое зикр намуд, ки алайҳи Русия иқдом кардаанду Украинаи як замон кишвари дӯстро намуна хонд.