Донишгоҳҳои хориҷӣ шароити таҳсили худро муаррифӣ карданд - видео

Аввалин намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии миллӣ ифтитоҳ ёфта, то 26 апрел идома меёбад
Sputnik
Даҳҳо муассисаи олии таълимӣ аз ИДМ, Осиё ва Аврупою Амрико дар Душанбе имкониятҳои худро муаррифӣ намуданд.
Ин аввалин фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, ки бо иштироки муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм, Раҳим Саидзода ва мақомдорони дигар ифтитоҳ ёфт.
Инчунин намояндагони 35 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико дар чорабинӣ иштирок кардаанд.
Шарҳи "маҷбуркунӣ"-и хатмкунанда ба ҳуҷҷатсупорӣ дар донишгоҳҳо
Онҳо шароити таҳсил, будубош ва имкониятҳои донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргузор гардид ва аз намоишгоҳ хонандагону донишҷӯёни тоҷик дидан карданд. Фестивали мазкур аз 22-юм то 26-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд идома меёбад.
Мансурӣ аз равобити Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда иброз дошт, ки дар тӯли се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам намудааст.
Саидзода зикр намуд, ки ҳамасола тибқи бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико ҳазорҳо донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.
Дар идома ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни ҳам суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.