Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Володин: Вашингтон дигар ба пирӯзии Киев бовар надорад

Вашингтон қонун дар бораи мусодираи дороиҳои Русияро ба тасвиб расонд, то Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳамин иқдом таҳрик диҳад, гуфт раиси Думаи давлатӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Тасмими ИМА барои додани дороиҳои Русия ба Украина бо гум шудани эътиқод ба пирӯзии режими Киев рабт дорад, гуфт раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар саҳифааш дар Telegram.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба пирӯзии режими Киев дигар бовар надорад, аз ин рӯ, онҳо омодаанд, ки пулро танҳо ҳамчун қарз бидиҳад, ки Украина бояд онро баргардонад, на пули худро диҳад, масалан ироаи дороиҳои Русия ба Киев", - навиштаст Володин.
Вай афзуд, ки мусодираи дороиҳои Русия аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо барои иқтисоди Аврупо харобиовар хоҳад буд,.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маскав оқибати кумакҳои нави ИМА ба Украина, Исроил ва Тайванро гуфт
"Вашингтон қонун дар бораи мусодираи дороиҳои Русияро ба тасвиб расонд, то Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳамин иқдом таҳрик диҳад, ки ин барои иқтисоди Аврупо харобиовар хоҳад буд", - ҳушдор дод ӯ.
Ахиран палатаи поёнии парлумони ИМА лоиҳаи қонун дар бораи кӯмаки иловагӣ ба Украина ба маблағи қариб 61 млрд долларро қабул кард. Ҳоло он бояд аз ҷониби палатаи болоӣ (Сенат) тасдиқ ва аз ҷониби Ҷо Байден имзо карда шавад. Палатаи намояндагон инчунин лоиҳаҳои қонунро дар бораи ёрии ҳарбӣ ба Тайван ва Исроил қабул кард.
Дар ҳамин ҳол, Wall Street Journal менависад, ки кумакҳои нави Амрико гумон аст, ки авзоъ дар Украинаро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Он метавонад танҳо барои истодагарӣ алайҳи пешрафтҳои нави Русия истифода шавад, то замоне, ки маблағҳои боз ҳам бештар ҷудо нагарданд, навиштаст расонаи амрикоӣ.