Лавров хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро арзёбӣ кард

"Сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад ва Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ғарб дар партави пуштибониаш аз Украина хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро дар остона қарор додаст, ки пайомадҳои фалокатбор дорад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни муроҷиати видеоияш ба иштирокдорони конфронси Маскав дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ баён доштаст.
"Дар баробари ин, ғарбиҳо ба таври хатарнок дар остонаи задухӯрди мустақими низомии байни қудратҳои ҳастаӣ мувозинат мекунанд, ки оқибатҳои фалокатбор дорад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи вай, он далел, ки "сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад. Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад, ки боиси афзоиши сатҳи хатари ҳастаӣ мешавад, афзуд Лавров.
Вай қайд кард, ҳоло дар ҷаҳон буҳрони низоми назорати аслиҳа ва пешгирии паҳннашавии силоҳи ҳастаӣ ба мушоҳида мерасад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин: Вашингтон дигар ба пирӯзии Киев бовар надорад
"Дунё буҳрони низоми маҳдудсозию пешгирии паҳншавии силоҳи ҳастаиро шоҳид аст, ки аз таназзули бесобиқа дар соҳаи амнияти байналхалқиро инъикос мекунад", - изҳор дошт ӯ.
Конфронси Маскав дар масъалаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ яке аз машҳуртарин пойгоҳҳои мубоҳисаи байналхалқӣ дар масоили мубрами паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ, назорати яроқ ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ бо ҳадафҳои осоишта мебошад.