ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кайҳоннаварди озмоишгар ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бо ҳайати низомии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар бошгоҳи тобистонаи пойгоҳи низомӣ баргузор шуда, дар доираи он додани автограф низ сурат гирифт.
"Дар рафти вохӯрӣ Дубров ба ҳозирон нақл кард, ки чаро ӯ тасмим гирифт, ки ҳаёти худро бо кайҳон пайваст кунад, раванди интихоб чӣ гуна сурат гирифт ва дар бораи хусусиятҳои кори кайҳоннаварди озмоишгар қисса намуд", - шарҳ дод ҳавзаи низомии марказӣ.
Дафтари матбуот афзуд, ки пас аз суханронӣ Дубров ба саволҳои низомиён ва аъзои оилаи онҳо посух дод.
Ёдовар мешавем, ки кайҳоннаварди озмоишгар ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бори аввал аз Тоҷикистон дидан кард.
Дар ҷараёни ин сафар, вай дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю. Гагарин дар Душанбе дарси кушод гузаронда, ҳамчунин дар намоиши филми "Чӣ тавр кайҳоннавард шудам" ширкат варзид. Кайҳоннавард ҳамчунин дар академияи "МегаФон" як нишаст баргузор карда, дар бораи коинот далелҳои ҷолиб баён намуд.