Ҳафтаи иммунизатсия дар Тоҷикистон: баҳор бо худ кадом бемориҳоро меорад?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки чорабиниҳо барои фаҳмондани аҳамияти моякӯбӣ дар кишварро таҳким мебахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз эҳтимолияти баланд шудани бемориҳои шадиди рӯда ва зардпарвини намуди “А” гуфтанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров изҳор дошт.
"Ҳоло ки баҳор аст, эҳтимол аст, чунин шавад, аммо дар умум вазъи эпидемилогӣ пурра зери назорат аст", - изҳор дошт мақомдори Вазорати тандурустӣ.
Дар мавриди дигар бемориҳо ӯ гуфт, ки агар боришот ягон халал ворид созанд, бемориҳои шадиди рӯдаву меъда зиёд шуданаш мумкин аст.
Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо, мутахассис тавия медиҳад, ки сокинон чораҳои беҳдоштиро қатъӣ риоя кунанд.
Хуб монаду ганда берун шавад: Тағйирот дар низоми назорати доруворӣ дар ИИАО
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар кишвар ҳафтаи аврупоии иммунизатсия эълон кардаст.
То 27 апрел ҳафтаи аврупоии иммунизатсия миёни кӯдакон баргузор мегардад, иттилоъ дод ин ниҳод. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҳифзи кӯдакон аз хатари бемориҳои сироятӣ ва хавфнок мебошад, таъкид намуд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.