ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Соли 2024 тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 млн доллари ИМА ба истифода дода шаванд, иттилоъ дод Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 705 млн доллари ИМА дар ҳоли татбиқ аст.
Татбиқи 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 345 млн доллар ба анҷом расидааст ва онҳо дар давраи кафолат қарор доранд, омадааст дар иттилоия.
Вазорати нақлиёт афзуд, дар доираи 5 лоиҳае, ки бояд то охири соли равон татбиқ гарданд, аз ҷумла 65 пули иборат аз 1,9 км, 5 нақби иборат аз 11 км, 5 долон ё худ гузаргоҳ бо дарозии беш аз 0,6 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бунёд мешаванд.
Аз ҷумла масирҳои "Роғун – Оби гарм – Нуробод" ба дарозии 76 км, Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара" ба дарозии 69 км, Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон" ба дарозии 93 км, аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи Ванҷ ҳудуди 18 км ва аз шоҳроҳ то маркази шаҳри Роғун ба дароозии 11 км дар ҳоли татбиқ қарор доранд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид намуд, ки марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтии корҳоро тибқи нақшаҳо ва бо сифати баланд таъмин намоянд.