Дар ин рӯзҳо дар Душанбе низ Рӯзҳои фарҳанги Узбекистон баргузор шуданд. Дар маҷмӯъ аз кишвари ҳамсоя зиёда аз 30 нафар ҳунармандон омадаанд.
Онҳо сокинони Душанберо бо маснуоти ҳунарӣ миллӣ ва хусусиятҳои эҷодии худ шинос карданд.
Дар ин ҷо намоишгоҳи "Иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон таомҳо ва санъати миллӣ" низ баргузор шуд.
Ба меҳмонон якчанд навъҳои гуногуни оши палав ва дигар таомҳо намоиш ва ройгон пешкаш карда шуд.
Кумитаи гардишгарии Узбекистон сокинони Душанбе ва меҳмонони хориҷиро бо имконоти сафар дар ин кишвар ошно кард.