ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар сурати музокироти нав дар бораи Украина, Русия дар амалиёти низомӣ таваққуф нахоҳад кард.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, дар мусоҳибаи бузург бо расонаҳои кишвараш баён дошт.
Раҳбари вазорати хориҷаи Русия низ таъкид кард, ки ба мақомоти Украина эътиқод вуҷуд надорад.
"Дар марҳилаи кунунӣ, албатта, мо инро ҳамеша такрор мекунем, мо ба гуфтушунид омода ҳастем", - изҳор дошт Лавров ва илова намуд маҳз президенти Украина Владимир Зеленский музокиротро барои худ манъ кардаст.
Вай афзуд, ки ба ҷониби Украина ва пуштибонҳояшон дигар бовар надоранд.
"Мо гуфтем, ки ба музокирот омода ҳастем, аммо ба фарқ аз достони Истанбул, мо дар ҷараёни музокирот ҳеҷ гуна таваққуф нахоҳем кард, ки ин раванд бояд идома ёбад", - изҳор дошт вазир.
Лавров қайд кард, ки воқеият дар рӯи замин дигар шуда, ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад.
"Ва ин воқеиятҳо бояд ба инобат гирифта шаванд ва ман воқеиятҳои маҳалро дар назар дорам, ки на танҳо хатти баҳамоӣ, балки мавҷудияти тағйирот ба Конститутсия, мавҷудияти чор минтақаи нав ва аҷдодиро дар назар дорам. Бояд инро ба хубӣ дарк кунанд", — афзуд ӯ.
Ҳамчунин Лавров таъкид намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ Русия ба идомаи амалиёти вижаи низомӣ мутмаин аст