Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Раҳмон пешвоз гирифт

Сарони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан пешвоз гирифт.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, равон шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки Раҳмон ҳамтои ӯзбекашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зимни суҳбати хосае, ки дар фурудгоҳ доир шуд, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешавад
Дар назар аст, сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, сарони ду давлат созишномаҳои навро имзо кунанд.