“Ғайримунтазира”: чаро Туркия низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро лағв кард?

Туркия бо лағви низоми бидуни раводид маъракаи бадномсозии Тоҷикистону ба ДОИШ* рабт додани шаҳрвандони ин кишвар ҳоли ҳавои дигар медиҳад, гуфт коршинос
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Коршиносон тасмими мақомоти Туркия дар мавриди лағви низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро як амри ғайримунтазира мехонанд.
Бархе ҳам бар адами ҳамкории Туркия дар амри мубориза бо терроризм ва паноҳ ёфтани як қатор тоҷикистониҳои муттаҳам дар узвият ба созмонҳои террористӣ дар хоки он кишвар ишора мекунанд.
Моҳи апрел саҳифаи нав дар равобити Тоҷикистону Туркия боз шуд. Санаи 6 апрели соли равон бо фармони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, низоми бидуни раводидин кишвар бо Тоҷикистонро лағв шуд.
Ҳарчанд як рӯзи баъд сафорати Туркия дар Душанбе эълон кард, ки ин тасмим як “иқдоми муваққат” аст, Тоҷикистон низ 15 апрел бар пояи “асли амали мутақобил” барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ кард.
Ҳарду тасмим аз 20 апрели соли равон вориди марҳалаи иҷро мешаванд.
Низоми бидуни раводид байни кишварҳо 6 сол давом ёфт. Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатшиносон ҳамсӯҳбат шуда, фаҳмид, ки чунин сард шудани муносибатҳо чӣ натиҷа хоҳад дод.

Суол зиёд аст

Коршиносони тоҷик тасмими мақомоти Туркия дар мавриди лағви низоми бидуни раводид бо Тоҷикистонро як тасмими ғайримунтазира унвон мекунанд.
Тоҷикистон ҷавобан барои шаҳрвандони Туркия виза ҷорӣ намуд
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳеҷ кас интизор надошт, ки дар чунин марҳалаи ҳассос дар равобити байнулмилалӣ Туркия якбора чунин тасмиме мегирад.
“Агар сухан аз таҳдидоти амниятӣ ба Туркия аз сӯи созмонҳои террористӣ аст, пас ин таҳдидҳо 10 сол ба ин сӯ ин кишварро ба чолиш кашидаанд ва таври маълум, на фақат шаҳрвандони Тоҷикистон, балки кишварҳои дигар, бахусус, Осиёи Марказӣ низ бо иттиҳоми даст доштан дар омоли террористӣ боздошт мешаванд. Мантиқӣ буд агар Туркия ин гуна режимро барои тамоми кишварҳо ҷорӣ мекард. Ҳол вижа кардани Тоҷикистон ҷои суол аст”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Режими бидуни раводид барои Тоҷикистонро дар қатори даҳҳо кишвари дигар Туркия ҳанӯз соли 2018 ҷорӣ карда буд, ки бино ба он, як нафар метавонист бидуни виза ворид Туркия шуда ва то 90 рӯз дар он ҷо иқомат дошта бошанд.
Шаҳрвандон Туркия низ ба навбаи худ аз соли 2021 ба ин сӯ метавонистанд то 30 рӯз бидуни виза дар Тоҷикистон иқомат дошта бошанд.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, он замон Туркия як сиёсати иқтисодиеро пеш гирифта буд, ки бино ба он, ба хотири рушди тиҷорат бо ҷаҳон содироти молу колои туркӣ ба хориҷ афзойиши бештар бояд меёфт.
“Ҳол мешавад тахмин зад, ки пас аз бохтани раъйҳо дар интихоботҳои ахир дар шаҳрҳои бузурги Туркия ҳизби ҳоким бо раҳбарии Эрдуғон тадобиреро рӯи даст гирифтааст, ки масоил ва хатароти амниятӣ дар мадди аввал гузоштаву ҷомиаро дар атрофи худ муттаҳид кунад, то дар интихоботи раисҷумҳурии соли 2028 вазъро ислоҳ кунад”, - гуфт вай.
Дар чунин маврид низ ин суол барҷаста мешавад, ки чаро на кишварҳои дигар, балки фақат Тоҷикистон интихоб шуд?

Чаро маҳз Тоҷикистон?

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, Туркия ҳарчанд бо Тоҷикистон санади ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро имзо кардааст, на ҳамеша дар ин амр содиқ буд ва сиёсати вижаи хешро пеш мебарад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, огоҳи масоили амниятӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар гузашта борҳо рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба узвият дар терроризм муттаҳам мешаванд ва дар қаламрави Туркия қарор доранд, пешниҳод карда, аммо ҳамкорӣ надидааст.
“Худ ин ки чаро шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз ҳама Туркияро барои сафар ба Сурияву Афғонистон истифода мекунанд, як суол аст. Масалан, онҳо аз Русияву Тоҷикистон вориди Туркия мешаванд ва аз тариқи минтақае мавсум ба Ван марзи Туркияву Эрон убур намуда, ба Афғонистон мераванд. Ман ҳеҷ тасаввур намекунам, ки истихбороти Туркия аз ин тараддудҳо хабар надошта бошад,” - гуфт коршинос.
Нархи визаи Туркия барои тоҷикистониҳо маълум шуд
Туркия дар замони ташдиди ҷанг дар Сурия кишвари транзитӣ барои даҳҳо ҷангҷӯву хонаводаашон аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус, Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон буд, ки ба Сурия рафта, ба гуруҳи “Давлати исломӣ”* пайваста буданд.
Бино ба бархе иттилоот, Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 аз Туркия хоҳиш карда буд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кунад, аммо ҷониби Туркия он замон чунин заруратеро надида буд.
Аз сӯи дигар, Нуруллоҳ Ҳусейнов бар ин аст, ки Туркия бо лағви низоми бидуни раводид маъракаи бадномсозии Тоҷикистону ҳукуматаш ва ба ДОИШ* рабт додани шаҳрвандони ин кишвар ҳоли ҳавои дигар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, агар ба пӯшиши хабарии ҳамла ба Крокус дар Маскав дар Ғарб таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки расонаҳои марбути Инглису Амрико хеле талош карданд, то аз Тоҷикистон як чеҳраи “бистаре барои густариши ифротиятро ба намоиш гузоранд.
"Аз ин хотир, истихбороти ин кишварҳо бо истифодаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористӣ дар Эрон, Русия ва сохтмони чиниҳо дар Кобул мехоҳанд робитаи Тоҷикистонро бо шарикони наздикаш хароб кунанд. Маълум нест, ки ин кор огоҳона аз сӯи Туркия анҷом шуда, ё ноогоҳона”, - гуфт коршинос.
Ёдовар мешавем, ки тасмими Туркия дар мавриди ҷорӣ кардани низоми раводид пас аз ҳамла ба толори консертии Крокуси шаҳри Красногорски Русия дар 22 март, боздошти 40 узви ДОИШ* дар 25 март ва ҳамчунон ду узви ин гуруҳ - як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ҳоли тадоруки ҳамла дар Туркия буданд, ҷорӣ шуд.
Ҳамчунин ду омили ҳамлаи террористӣ дар Крокус, шаҳрвандони Тоҷикистони Фаридуни Шамсуддин ва Сайидакрами Раҷабализода, қабл аз 22 март дар қаламрави Туркия қарор доштанд.
Низоми раводид метавонад муваққатӣ бошад: Сафорати Туркия виза ба тоҷикистониҳоро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол, ин ҳама аввалину охирин мавориде нестанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо номи гуруҳи террористии ДОИШ дар Туркия ҳамлаи террористӣ анҷом медиҳанд ва ҳам боздошт мешаванд. 29 январ як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия пас аз ҳамла ба як калисои католикӣ дар шаҳри Истамбул, ки як кушта ба ҷой гузошт, бо иттифоқи 25 мазнуни дигар боздошт шуда буданд.
Соли гузашта дар моҳи июн Шомил Ҳукуматов, мулаққаб ба “Абу Мискин”-ро, ки гуфта мешуд, аз саркардагони ДОИШ-и Хуросон* буд, низ дар Туркия боздошт шуда буд.
Дар умум, Туркия аз замони шуруъи ҷангҳо дар Ховари Миёна, бахусус, пайдоиши ДОИШ (созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) як кишвари транзитӣ барои довталабон аз саросари ҷаҳон ба шумор мерафт.
Онҳо аз кишварҳои худ ба Туркия омада, аз он ҷо ба Сурияву Ироқ барои пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ мерафтанд, аммо теъдоди хеле ками онҳо боздошт мешуданд.
*-созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистону Русия манъ аст