Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро талаб кард

Сарвазири Маҷористон муътақид аст, ки роҳбарияти феълии ин иттиҳодия на ҳамеша манофеи қораро ба назар мегираду ба суди ИМА кор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро ба шантажи сиёсӣ муттаҳам кард.
Бо таъкид ба ин нукта Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳоди Аврупоро талаб кард. Ӯ гуфт, ин раёсат бояд истеъфо диҳад, зеро он дар ҳамаи тарҳҳои калидӣ ноком шудааст.
Пештар Виктор Орбан гуфта буд, ки вай чунин мешуморад, ки дар паси баъзе тасмимҳои Брюссел манфиатҳои на Аврупо, балки Амрико меистад.
Вай қайд кард, ки "чунин Брюссел лозим нест", ки ба кишварҳои узв ҳамчун музофот муносибат мекунад ва ба онҳо чӣ гуна зиндагӣ карданро ёд диҳад.
Ӯ қаблан аз пойфишории Иттиҳоди Аврупо ба кумаки молию низомии бузург ба Украина интиқод карда, ба зарурати музокирот ишора намуд.
Тафтишот робитаи ҳамлагарони Крокусро бо миллатгароҳои украинӣ тасдиқ кард
Орбан гуфт, Ғарб аз эътирофи онки Украина дар ҷанг мебозад, дар ҳарос аст ва илова намуд, ки вақт ба суди Русия мебошад.
Коршиносони низомӣ дарк мекунанд, ки Киев дар майдони ҷанг муваффақ нахоҳад шуд, афзуд ӯ.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.