ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Русия аз Исроил даъват мекунад, ки ба намунаи Эрон, ки изҳор дошт, хоҳони ташдиди бештари авзоъ нест, пайравӣ кунад.
Ин нуктаро намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ баён дошт.
"Мо ишораи Теҳронро, ки ташдиди минбаъдаи муноқиша бо Исроилро намехоҳад, таъкид мекунем. Аз Байтулмуқаддаси Ғарбӣ даъват мекунем, ки ба намунаи он пайравӣ кунад ва аз амалияи иғвоангезонаи ҳарбӣ дар Ховари Миёна даст кашад", - гуфт ӯ.
Небензя ҳушдор дод, ки ташаннуҷи авзоъ ба тамоми минтақа, ки бе ин ҳам дучори буҳрони ихтилофи Исроилу Фаластин аст, таъсири манфӣ дорад.
Вай ҳамчунин дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ҳамлаи Эрон ба Исроил дар холигоҳ сурат нагирифтааст, ин посух ба беамалии нангини Шӯрои Амният буд, аз маҳкум кардани зарбаи Исроил ба консулгарии Ирон дар Димишқ худдорӣ карда буд.
Эрон шаби 13 ба 14 апрел садҳо ҳавопаймои бесарнишинро ба сӯи Исроил партоб карду ба дунбол мушакҳои болдорро сар дод. Теҳрон амалиётро муваффақ номид, Исроил гуфт, 99%-и бесарнишину мушакҳоро зад ва хисороти ҷиддӣ надид.
Ҷониби Исроил эълон кардааст, ки дар вақти мувофиқ бо шеваи муносиб ба ин ҳамла посух хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки ин ҳамла посух ба зарбаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ хонда шуд, ки дар натиҷа аз ҷумла ду мушовири аршади генералӣ - Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудс дар Сурия ва Лубнон ва ҷонишини у генерал Муҳаммад Раҳимӣ кушта шудаанд.