ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор барканор карда шуд. Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.
Дар фармонҳои раисҷумҳур одатан сабаби барканорӣ, асосан ба далели гузаштан ба кори дигар ва ё нафақа зикр мегарданд, аммо сабаби барканории Қосим Роҳбар наомадааст.
Бо фармони дигари президент, Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин гардидаст. Қосим Роҳбар дар ин вазифа аз аввали соли 2022 фаъолият дошт. Пеш аз ин раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон буд.
Қосими Роҳбар, ки дар гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон таъйин шуд.
Қосими Роҳбар ё Қосим Қосимов солҳои 1994-1996 раиси ноҳияи Хуҷанд, соли 1992-1994 раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинободи собиқ ва аз 12 феврали соли 1996 то расидан ба курсии вазирӣ раиси вилояти Суғд буд.
Қосим Роҳбар 13 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов (1930-1974) мебошад.
Қосим Роҳбар дорои маълумоти олист ва соли 1986 факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ аз соли 1986 то соли 1989 ба ҳайси агротехник, агроном-энтомологи колхози 40-солагии Октябри ноҳияи Хуҷанд кор кардааст.