ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар мавриди шартҳои сохтмон, таъсис ва фаъолияти Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар ҷумҳурӣ ба созиш омада, Маҷлиси намояндагон созишномаи байниҳукуматиро тасвиб кард.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дар ҷаласаи ахири парлумон созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар мавриди таъсису фаъолияти Маркази байналмилалиро тавзеҳ дод.
Ӯ гуфт, Маркази таълимии байналмилалии кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳудуди 500 хонанда бо истиқомати шабонарӯзиро фаро мегирад.
Ҷониби Русия фаъолияти марказро тавассути додани маблағ аз буҷети федералӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии роҳбарон ва ҳайати омӯзгорони марказ, музди меҳнати кормандони муҳандисию техникӣ, маъмурӣ ва таълимиро пардохт менамояд.
Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории хароҷоти таъмини амнияти марказро таъмин намуда, хароҷоти коммуналиро, аз қабили таъмини неруи барқ, об, пардохти ҳаққи алоқа ва хизматрасонӣ барои дастрас намудани иттилоот ва шабакаи телекоммуникатсионии "Интернет", таъмини гармӣ, аз ҷумла хариди ангишт, пардохт менамояд.
Фарзандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои таҳсил ба марказ дар асоси озмун ройгон ё шартномавӣ қабул мешаванд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Наҷмиддиниён.
Дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, марказ ҳуқуқ дорад, шаҳрвандони дигар давлатҳоро барои таҳсил дар асоси шартнома қабул кунад, тавзеҳ дод вакили парлумон.