ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Таҳкими таҷриби хуби назорати фармасевтӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи тағйирот бо қоидаҳои санҷишӣ мебошад, иттилоъ дод вазири танзими техникии иттиҳодия, Валентин Татаритский.
Ба гуфтаи ӯ, риояи талаботи Қоидаҳои таҷрибаи хуби фармакологӣ ба беҳбуди вазъ дар ин бахш равона шудааст.
"Тағйирот барои дар муомилоти бозори фармасевтии Иттиҳод нигоҳ доштани воситаҳои доруворие, ки профили мусбии фоида-хатар доранд ва аз муомилоту истеҳсолот берун овардани доруҳое, ки ба саломатии аҳолӣ хатар доранд, равона карда шудаанд", - гуфт Татаритский.
Айни замон мақомоти ваколатдори давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низоми назорати фармакологии дорандагони шаҳодатномаҳои бақайдгирии доруҳоро тибқи қонунгузории кишварҳои узв тафтиш мекунанд.
Ин барои истифодаи равишҳои мухталифи гузаронидани санҷишҳои фармасевтии системаи назорати фармасевтӣ ва эҳтимоли эътироф накардани натиҷаҳои чунин санҷишҳо дар кишварҳои алоҳидаи ИИАО шароит фароҳам меорад, омадааст дар иттилоия.
Ҳуҷҷате, ки Шӯрои ЕЭК қабул кардааст, равишҳои ягонаро ба расмиёти гузаронидани санҷишҳои системаҳои назорати фармакологӣ ва ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзо муқаррар менамояд.
Қавонини ягона санҷиши такрории истеҳсолкунандагони доруворӣ аз ҷониби ҳар як нозироти давлатҳои узвро истисно мекунанд, такъид кардаст КИАО.