ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Волидайни яке аз гумонбарон дар содир кардани амали террористӣ дар Крокус Сити Холл Далерҷон Мирзоев* чанд далелро аз тарҷумаи ҳоли писарашон нақл карданд.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон*, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, писараш пас аз хатми мактаб дар деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷое нарафтааст.
"Дар давоми таҳсил рафтори ӯ боиси нигаронӣ набуд ва ӯ махсусан диндор набуд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ин зан, ӯ қабл аз сафар ба Русия ба ҳайси ронандаи мошини маъруф ба "Танген" кор кардааст.
Ҳамчунин маълум шуд, ки Далерҷон* бародари калонӣ бо номи Равшанҷон доранд, ки ҳоло дар Сурия ё Ироқ қарор дорад.
Падари гумонбар дар ҳамлаи террористии Крокус бо Sputnik ҷузъиёти зиндагии писарашро нақл кард.
Ба гуфтаи Барот Мирзоев, падари муттаҳам дар содир кардани ҷинояти ваҳшиёна, писараш ҳамчун як бачаи беҷанҷол ба воя расидааст ва ҳеҷ гоҳ диндории зиёд нишон надодааст.
"Далерҷон* махсусан диндор набуд, агар мехост намоз мехонд, агар намехост, намехонд, ман ба ин кор дахолат накардаам ва ӯро маҷбур ҳам накардаам", - қайд кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Далерҷон Мирзоев* рӯзи 23 март, як рӯз баъд аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт шуда буд. Додгоҳи Басмании Маскав ӯро то 22 май ба ҳабс гирифт. Ӯро ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки боиси марги зиёдиодамон гардид муттаҳам медонанд ва ӯ ба гуноҳаш иқрор шуд.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 11 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 10 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.