ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Кори онҳо аз 7 то 13 апрел идома кард.
Манбаъ афзуд, ки дар доираи ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузарониданд.
"Ҷонибҳо кори худро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд", - омадааст дар хабари Кумита.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28, 37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.