Чаро тоҷикон бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд? Раҳмон сабабашро ба дипломати рус гуфт

Мардуми Тоҷикистону Русия аз нигоҳи тамаддунӣ наздиканд, решаҳои муштараки ҳиндуаврупоӣ доранд, нақли қавл овард сафир дар Душанбе
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Яке аз омилҳои калидӣ, ки тоҷикистониҳо бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд, пайвандҳои тамаддунӣ мебошад.
Ба ин нукта борҳо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ишорат кард, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев.
Ӯ гуфт, ба ҳайси сафир борҳо аз Эмомалӣ Раҳмон андешаи аслӣ ва консептуалияшро дар мавриди халқҳои Тоҷикистону Русия шунидаст, ки ин наздикӣ аз нигоҳи тамаддунӣ мебошад.
Ба гуфтаи сафир, Эмомалӣ Раҳмон маҳз ин пайвандиро сабаб медонад, ки сарфи назар аз мушкилоту мураккабиҳо садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия меравад.
Раҳмон хост, Тоҷикистон бештар рушд кунаду мардум камтар ба муҳоҷират равад
"Мардуми Тоҷикистону Русия аз нигоҳи тамаддунӣ наздиканд. Решаҳои муштараки ҳиндуаврупоӣ доранд", - нақли қавл овард сафир.
Дар баробари ин Григорев зикр кард, ки халқҳои Тоҷикистону Русияро ҳамчунин даҳҳсолаҳои зиндагӣ дар як давлат, таърих, равобити иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятӣ ва ғайра мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад.