Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ, ки зиддиятҳои байни тамаддунҳо аз ҷониби қувваҳои алоҳидаи беруна тезутунд шуда истодаанд, ба ҳам наздик кардани мавқеъҳо хел муҳим аст.
Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Гузел Майтдинова зимни конфронси VIII байналмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколама – 2024. Қувваҳои ҷалбкунанда" баён дошт. Ҷаласаи "Муколамаи тамаддунии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ" як бахши конфронс буд.
Майтдинов дар ҳамоиш гуфт, пайдо кардани нуқтаҳои пайванди байниҳамдигарӣ ва таҳияи баъзе ҷанбаҳои муштараки ҳамкорӣ дар фарҳанги сиёсии муосир, дар фазои Авруосиё хеле муҳим аст.
Дар ҳамоиш диққати махсус ба муносибатҳои байналхалқӣ, рушди ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ва таҳримҳои Ғарб дода шуд, ки ба ҳамкории Маскав ва Осиёи Миёна зарар расонда наметавонанд
Дар чорабинӣ дипломатҳо, сиёсатмадорон ва олимони Тоҷикистону Русия ҳузур доштанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев низ дар ҳамоиш таъкид намуд, ки халқҳои ду кишварро дар баробари пайвандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ инчунин тамаддуни муштарак, решаҳои ҳиндуаврупоӣ пайванд мекунад.