ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Киев бояд занонро ба артиш ҷалб кунад, ҳамон тавре ки дар Исроил сурат мегирад, изҳор доштаст мушовири фармондеҳи нерӯҳои заминии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар умури гендерӣ, Оксана Григорева, ба рӯзномаи Times.
"Дар конститутсияи мо гуфта шудааст, ки ҳар як украинӣ вазифадор аст, ки Ватани худро дифоъ кунад, аз ин рӯ барои занон низ хизмат кардан дуруст мебуд", - гуфтаст ӯ.
Вай афзудаст, ки ба монанди Исроил бояд дар Украина ҳам мардон ва ҳам занонро тамрин дод, ки то онҳо ба ҷанг омода бошанд.
Ба андешаи мушовир, Украина бояд барои он омода шавад, ки дар солҳои наздик занонро сафарбар кунад, ки барои ҳалли масъалаи нарасидани кадрҳо зарур аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 65 ҳазор зан дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ки ин рақам аз соли 2021 тақрибан 40% афзоиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Украина ҳеч наметавонанд лоиҳаи қонун дар бораи сафарбаркуниро қабул кунанд.
Варианти якум барои таҷдиди назар фиристода шуда, дуюмаш дар аввали моҳи феврал дар хониши якум қабул карда шуд. Бар хилофи варианти қаблӣ, он даъвати маъюбонро ба артиш пешбинӣ намекунад, балки худи ин равандро ба таври қобили мулоҳиза сахттар мекунад.
Тибқи тарҳи нав, афроди ба хидмати ҳарбӣ муваззафшуда бояд дар муддати 60 рӯз пас аз эълони сафарбарӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд ва сабти номи худро мушаххас кунанд. Даъватномаро тавассути суроға электронии даъватшаванда фиристодан мумкин аст.
Ин тарҳ ҳамчунин шаҳрвандони аз 18 то 60-соларо муваззаф кардааст, ки дар давраи сафарбарӣ бо худ асноди сабти номи ҳарбӣ дошта, бо дархости кормандони комиссариати ҳарбӣ, пулис ва нерӯҳои марзбонӣ пешниҳод кунанд.