Дар мавъиза ба муносибати Иди Фитр ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" маҳкум шуданд.
Мавзъизаро ҳазорон мусалмон дар Маскав, аз ҷумла ҷамъияти тоҷикон дар масҷиди марказӣ дар хиёбони Мир шуниданд, ки барои баргузории намози ид ҷамъ омада буданд.
Масҷиди марказӣ на ҳамаи ҷамъомадагонро ғунҷонданд, бинобар ин бисёре аз намозгузорон ибодати идонаро дар кӯчаҳо анҷом доданд.
Зимни суҳбат дар мавриди ҳамла ба "Крокус Сити Холл", имомхатиб омилони онро пайравони шайтон хонда, афзуд, ки агар ба дастури Худованд пойдор мемонданд, ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезаданд.
Онҳо ба шайтон итоат карданд на Аллоҳ, ки ба куштани фарзандон, падарон ва модарон даст заданд гуфт имом-хатиб.
Онҳо ба шайтон итоат карданд на Аллоҳ, ки ба куштани фарзандон, падарон ва модарон даст заданд гуфт имом-хатиб.
Дар намози иди Маскав ҳамчунин бахше аз мавъиза ба арзишҳои оилавӣ, тарбия, урфу одат, ахлоқу маънавият бахшида шуда буд.