Қарори баргузории нахустин Гран-Слами Душанбе имзо шуд

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва мақомот муваззаф шудаанд, иштироки беҳтарин варзишгарони хориҷӣ ва дохилиро дар мусобиқаи мазкур таъмин намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам дар риштаи куштии ҷудо санаҳои 3 – 5 майи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Қарор дар ин бораро раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ имзо кардаст. Таъкид шудаст, ки зӯрозмоиҳо дар муассисаи давлатии "Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ"-и Душанбе баргузор карда шавад.
Ба таъкиди Рустами Эмомалӣ, ҳадаф ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.
Масъулини шаҳрдорӣ, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва роҳбарони сохторҳои марбута муваззаф шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Собиқ сармеъмори Душанбе вазифаи нав дар бахши варзиш гирифт
Федератсияи куштии ҷудои Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор вазифадор гардидаанд, иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар мусобиқаи мазкур таъмин намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023" пойтахт баргузор шуда буд ва соли равон низ "Dushanbe Grand Prix 2024" дар назар буд.
Аммо Федератсияи ҷаҳонии ҷудо онро ба "Dushanbe Grand Slam 2024" тағйир дод, ки сатҳи баргузории мусобиқаҳои Grand Slam аз Grand Prix боло буда, паҳлавонони сатҳи ҷаҳонӣ ба он бештар таваҷҷуҳ доранд.
Интизор меравад, ки дар арафаи Бозиҳои Олимпии Париж - 2024 беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянду барои имтиёзҳои олимпӣ зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Соли гузашта дар "Dushanbe Grand Prix 2023" беш аз 300 варзишгар аз зиёда аз 40 давлати дунё иштирок карда буданд, ки сатҳи баргузории онро баланд арзёбӣ намуданд.