ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОСиё бештар маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Бо ин мақсад, иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад.
Қаблан намояндагони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории ҳамкориҳоро дар ин иттиҳодияроо баррасӣ намуданд.
Инчунин ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои ИИАО механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шуд.
Ба иттилои КИАО, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шуданд.
Охири соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.