ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад.
Ин шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пайи лағви вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони ин кишвар садо дод.
"Ҷониби Тоҷикистон тибқи принсипи мутақобила масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад", - омадааст хабар.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Туркия то ҳол Тоҷикистонро дар бораи лағви низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ин кишвар бо шиносномаҳои хориҷии муқаррарӣ тавассути каналҳои дипломатӣ огоҳ накардааст.
"Тибқи таҷрубаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист ҷониби Тоҷикистонро дар бораи санаи ҷорӣ кардани низоми раводид пешакӣ огоҳ мекард. Мо қайд мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол аз тариқи шабакаҳои дипломатӣ чунин маълумот дарёфт накардааст", - омадааст дар хабар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардааст. Фармони дахлдори раисиҷумҳури кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзномаи расмии ҳукуматии Resmi gazete нашр шудааст.