Ҳоло ба далели бархӯрди манфиатҳои иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ, сиёсати муҳоҷиратро тағйир додан ғайриимкон аст.
Ин нуктаро раҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
"Дар ҳоли ҳозир тағйир додани сиёсати муҳоҷират ғайриимкон ва бемаънӣ аст, зеро дар он ҷо убури манфиатҳои иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад", - гуфт Мендкович.
Вай зикр намуда, ки дар минтақа қувваи кории зиёдатӣ ва дар Русия пас аз солҳои 90-ум мушкилоти демографӣ эҳсос мешавад.
"Русия бо роҳи роботсозӣ ва автоматикунонӣ пеш меравад, аммо дар солҳои наздик барои сохтмон, инфрасохтор ва манзил ба нерӯи корӣ, аз ҷумла ба коргарони дорои тахассуси паст ниёз дорад", - гуфт таҳлилгар.
Ӯ илова намуд, ки дар амалиёти вижаи низомӣ аз Тоҷикистон садҳо нафар ширкат мекунанд.
Мендкович таъкид кард, ки Русия хати тафриқаро аз рӯи миллату аслият намекашад, балки ба он назар мекунад, ки одам чӣ гуна рафтор мекунад ва ӯ дар паҳлӯи кӣ аст.
"Дар Русия ҳеҷ кас, ҳадди ақалл аз миёни мардуми низомдор тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун як ҷомеа дар ин ҳамлаи террористӣ гунаҳкор намедонад. Террористони мушаххас гунаҳкоранд", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, қонунҳои ин кишварро риоя мекунад ва манофеи онро ҳамчун манфиати худ медонад, “русиягии комилҳуқуқ, ватандӯсти бузургтар аз он бумиҳое аст, ки дар давраи сафарбарӣ Русияро тарк кардаанд".
Тоҷикистон ҳам мисли Русия ҳадафи террористони ифротгаро аст ва дар мубориза бо ин зуҳурот ҳампаймон мебошад, таъкид кард рохбари клуби тахлили Авруосиё.