Ҳамгироӣ дар ИИАО: Мишустин 12 самти афзалиятноки кори ҳукуматро гуфт

Сарвазири ҳукумати Русия дар ҳисоботаш ба вакилони Думаи давлатӣ самтҳои афзалиятноки кори ҳукуматро эълон кард, ки ҳамгироӣ бо шарикон аз ҷумлаи онҳо мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз самтҳои афзалиятноки кори ҳукумати Русия мебошад.
Дар ин бора сарвазири ҳукумати Русия, Михаил Мишустин зимни ҳисоботаш дар Думаи давлатӣ баён дошт.
Михаил Мишустин гуфт, ки ҳукумат 12 авлавиятро барои давраи миёнамӯҳлат муайян кардааст, ки дар ҳаёти русиягиҳо ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Таҳкими ҳамгироӣ дар доираи ИИАО ва ҳамчунин бо кишварҳои шарик аз ҷумлаи чунин самтҳои кор мебошад, зикр намуд сарвазир.
Чӣ қадар молро ба ИИАО метавон бидуни пардохти боҷ ворид кард?
Инчунин ин феҳраст суботи макроиқтисодӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишварро фаро мегирад, афзуд манбаъ.
Таъмини устуворӣ дар бозори меҳнат, эҷоди истеҳсолоти худӣ, таъмини истиқлолияти технологӣ, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, рушди минтақавӣ, қонеъ гардондани талаботи иқтисодиёт ба воситаҳои молиявӣ ҳам дар афзалият қарор доранд.
Мишустин гуфт, ки соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО қариби 4% ва гардиши савдои Русия бо кишварҳои ИДМ 6% афзоиш ёфтааст.