Мақомоти Тоҷикистонро фарбеҳшавии сокинон нигарон кардаст

Дар Тоҷикистон "Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим" қабул гардидааст, ки раванди татбиқи онро масъулини бахши тандурустӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе мавзӯи меҳварии ҷаласаи роҳбарони як қатор сохторҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла роҳбарони марказҳои саломатию мутахассисони соҳа буд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҷаласа масъалаҳо, аз қабили ҳолати фурӯши ғизо дар нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Ба зарурати бақайдгирии бемории фарбеҳӣ ва табобати он, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе барои пешгирии бемории фарбеҳӣ ва истеъмоли ғизои солим таъкид шудааст.
Вазорат зикр намудаст, ки давоми солҳои охир паҳншавии бемориҳои ба фарбеҳӣ алоқманд яке аз масъалаҳои умдаи соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ин ҳолат боиси нигаронии ниҳодҳои тандурустӣ шудаст.
Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Рамазон: гилаи сокинону шарҳи фурӯшандаҳо – видео
Манбаъ афзуд, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногун, аз қабили бемории фарбеҳӣ корҳо вусъат дода мешаванд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ аз афзоиши бемории қанду фарбеҳӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.
Президент иллати афзоиш ёфтани ин маризӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба истеъмоли нодурустӣ ғизо, аз ҷумла ба аз ҳад зиёд хӯрдани нону ширинӣ, ки оқибат ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад, рабт дод.
Роҳбари давлат тавсия дод, истеъмоли нону ширинӣ бояд кам карда шаваду ба ҷои он бештар меваю сабзавот хӯрд. Ҳамчунин пеш бурдани тарзи ҳаёти солимро низ ба шаҳрвандон тавсия дод.