Намояндагони ҳудуди 130 намояндагии дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба ёди қурбониёни Крокус назди лавҳа дар пеши ин бино гул гузоштанд.
Аз ҷумла Давлатшоҳ Гулмаҳмазода, сафири Тоҷикистон дар Русия низ дар ин чорабинӣ иштирок дошт ва назди лавҳаи ёдгорӣ дастагул гузошт.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Русия дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар иштирок намуда, хотири қурбониёни ин ҳамлаи даҳшатборро пос доштанд.
"Теъдоди умумии иштирокчиёни хориҷӣ дар чорабинии беш аз 250 нафарро ташкил медиҳад", - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Ҳамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.