Сафорат аз тоҷикистониҳо дар Русия хост ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд

Сафорати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои телеграмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дод, ки он ҷо шаҳрвандонро барои анҷоми амалҳои террористӣ ҷалб мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар робита ба фоҷеаи даҳшатбор дар Крокус ва муттаҳам шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳодисаи нангин, сафорати Тоҷикистон дар Русия бо як паём ба тоҷикистониҳо дар Русия муроҷиат намудааст.
Дар паёми сафорат омадааст, ки вазъ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағийр наёфтаааст, танҳо пас аз ин ҳодисаи пурқурбонӣ назорат дар тамоми муассисаҳо, ҷойҳои серодам, корхонаву марказҳои савдо пурзӯр карда мешавад.
Дар робита, ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алъон дар Русия кору зиндагӣ доранд, даъват намуд, ки ба маълумотҳои сохта ва беасосе, ки аз ҷониби гурурҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона таҳия ва нашр карда мешаванд бовар накунанд.
Сафорат ҳамчунин аз гурӯҳҳои телеграммӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар онҳо гурӯҳҳои тундгаро барои анҷоми амалҳои террористӣ шаҳрвандонро ҷалб мекунанд.
"Аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд, то ба доми фиреби гуруҳҳои ифротгароӣ наафтанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳатман ҳангоми кор, таҳсил, табобат ва ё сайёҳат дар қаламрави Русия тибқи талаботи қонунгузории ин кишвар таҳия намоянд.
Гулмаҳмадзода дар китоби таслият дар Вазорати умури хориҷии Русия сабт гузошт
Ёдовар мешавем, рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуда, ба сӯи одамон тир холӣ карданд ва толори консертиро оташ заданд.

Бар асари ин ҳодисаи мудҳиҳ 139 нафар, аз ҷумла се кӯдак ҷон бохтанд.

Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд боздошт шуданд.