ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik.Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар китоби таслият дар робита ба фоҷеа дар Крокус Сити Холл сабт гузошт.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ба наздикон ва хонаводаҳои кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон дар натиҷаи амали даҳшатноки террористӣ изҳори тасаллияти амиқи худро баён мекунам... Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ дар ҳама зуҳуроташ муқовимати қатъӣ дорад ва дар якҷоягӣ бо Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бо он идома медиҳад", — гуфтааст ӯ.
Вай афзуд, Тоҷикистон бо мардуми сермиллати Русия андӯҳи талафоти ҷуброннашавандаро шарик мекунад ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорад.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар робита ба қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи консертии Крокус Сити Холл китоби таслият ифтитоҳ шудааст.
Инчунин, суханони ҳамдардӣ метавонанд ба намояндагӣ тавассути почтаи электронӣ ирсол карда шаванд.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст. 182 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.