Сокинони Душанбе то шаб ба назди бинои консулгарии Русия гул оварданд - видео

Бино ба иттилои мақомоти Русия, дар натиҷаи тирпарронӣ дар “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав тақрибан 133 нафар кушта ва беш аз 120 нафар ҷароҳат бардоштанд
Sputnik
Сокинони Тоҷикистон тамоми ба хотири ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба назди бинои консулгарии сафорати Русия дар Душанбе ва Хуҷанд гулу бозича ва шамъ оварданд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар додааст.
Барои мисол, барои изҳори ҳамдардӣ ва пуштибони аз мардуми Русия ба назди бинои консулгарии вилояти Суғд муовини раиси вилоят Анвар Ёқубӣ, намояндагони Иттиҳодияи собиқадорони сарбозони интернатсионалист, соҳибкорон, рӯзноманигорон ва сокинони оддии шаҳру вилоятҳо омаданд.
Идораи рӯҳонии мусалмонон ба ваҳдат алайҳи ифротгароӣ даъват кардааст
Сокинон дар пойтахт то шаб пайваста гулҳо, бозичаҳо оварда, ёддоштҳо бо суханони ҳамдардӣ навиштанд. Дар назди консулгарии Русия як навъ ёдгории сунъӣ ба вуҷуд омадааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Дар бораи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" то ин соат чӣ маълум аст?
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат бардоштанд, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.