Раҳмон ба Путин: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия кирдори террористии золимонаи хунинро дар "Крокус Сити Холл" қатъиян маҳкум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар рафти суҳбат кишвардори Тоҷикистон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи "Крокус Сити Холл" қатъиян маҳкум карда, таъкид намудааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуд.
“Раҳбари кишвар дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуд”, - зикр кардааст манбаъ.
Илова бар ин ҷонибҳо, ҳамчунин, зимни суҳбати телефонӣ рағбати худро барои идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.
Тарафҳо ба минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо қайд намуданд.
Консули Тоҷикистон: "Терроризм ин як даҳшатест, ки мо бояд якҷо онро мағлуб кунем"
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.