Консули Тоҷикистон: "Терроризм ин як даҳшатест, ки мо бояд якҷо онро мағлуб кунем"

Кумитаи тафтишоти Русия хабар додаст, ки шумори қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав ба 133 нафар расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назарӣ Ҳомидҷон Темур изҳор доштааст, ки терроризм миллат надорад ва Тоҷикистон ҳар гуна амалҳои террористиро қатъян маҳкум мекунад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Петербургский дневник”.
“Ҳодисаҳои хеле ғамангез рӯх дод. Тоҷикистон ҳама гуна амалҳои террористиро қатъян маҳкум мекунад. Террористон кӯшиш мекунанд, ки миёни мардуми осоишта тарсу ҳарос ва бесарусомонӣ паҳн намоянд, мо инро маҳкум мекунем. Онҳое, ки ҳамлаи террористиро содир кардаанд, новобаста аз миллату эътиқодашон ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳояшон намерасанд. Пеш аз ҳама ба худ ва имонашон хиёнат карданд. Мардуми мо ҳамеша дар канори Русия ва ҳамаи кишварҳоеро, ки бо терроризм рӯ ба рӯ мешаванд, хоҳад буд", - гуфт Назарӣ Ҳомидҷон Темур.
Вай афзуд, Тоҷикистон чӣ будани терроризмро хуб медонад, зеро худаш дар сафи пеши мубориза бо терроризм қарор дорад.
"Мо баҳои сулҳро медонем. Муносибат бо Русия ва дигар кишварҳо дар мубориза бо вабои терроризм - бо тамоми зуҳуроташ хеле муҳим аст. Ин як падидаст, ки мо бояд якҷоя онро мағлуб кунем. Дар ин рӯзҳо мо бо мардуми Русия ҳамдардем. Мехоҳам ба хонаводаҳои фавтидагон ва осебдидагон тасаллияти самимии худро баён кунам”, - таъкид кард консули генералии Тоҷикистон дар Санкт Петербург.
Идораи рӯҳонии мусалмонон ба ваҳдат алайҳи ифротгароӣ даъват кардааст
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат бардоштанд, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.