ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дод.
"Мо Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар шаҳри Москваи Русияро қотеона маҳкум мекунем. Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Пеш аз баргузории консерт дар “Крокус Сити Холл” дар минтақаи Красногорск вилояти Маскав, ки дар наздикии пойтахти Русия аст, тирпарронӣ ва сӯхтор ба рух дод.
Ба иттилои ФСБ-и Русия, тибқи маълумоти пешакӣ 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус Сити Холл”-ро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.